Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Трансформатор» қурбони бӯҳрон шуд


Бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба кори ягона корхонаи истеҳсоли истгоҳҳои барқӣ ё трансформаторҳо дар Тоҷикистон ҳам асар карда, боиси коҳиши тавлидот ва афзоиши қарзҳои ин корхона шудааст.

Ба гуфтаи Абдулҳаким Назаров, сармуҳосиби Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Трансформатор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа, бар асари бӯҳрони молиявӣ ширкатҳои харидори моли корхонаи трансформаторбарорӣ хеле кам шуда, масалан дар моҳи март танҳо як трансформатор ба фурӯш гузошта шудааст. Ӯ мегӯяд, ҳаҷми хисороти расида ба ин корхона фақат то моҳи феврали имсол ба ним миллион сомонӣ наздик шудааст.

Ин ширкати азими саноатии шаҳри Қӯрғонтеппа ҳамчунин қасд дорад, ки беш аз 50 дарсади кормандони корхонаро ба рухсатии бемузд гусел кунад. Он гуна ки Зикрулло Бекматов, роҳбари ҶСШК «Трансформатор», ба расонаҳои хабарӣ гуфтааст, ин корхона дар шароити бӯҳрони молиявӣ ба сахтиҳо дучор гардида, чунин тасмим гирифта шудааст, ки барои як муддати муайян беш аз 50 фоизи кормандон ба таътили бемаош фиристода шаванд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Абдулҳаким Назаров, сармуҳосиби корхонаи «Трансформатор»дар як моҳи қабл гуфта буд, ба сабаби бепулӣ, ширкат водор шудааст беш аз 100 кормандашро аз ҷамъияти қариб 200-нафараи кормандон ба мураххасии бемузд ва бемӯҳлат гусел кунад. Ба қавли роҳбари корхона З. Бекматов, корхона айни замон аз норасоии шадиди маблағ азият мекашад ва наметавонад фанноварии лозим барои сохтмони трансформаторҳоро, ки аз Русия ворид мешавад, харидорӣ кунад.

Дар шарҳи сабаби уфти иқтисодии корхона З. Бекматов гуфт: «Мушкили асосӣ аз он сар зад, ки ширкати ҳолдингии «Барқи тоҷик» ду соли охир наметавонад қарзи ғуншудааш дар назди корхонаи моро баргардонад. Ҳоло ин қарз аз як миллион сомонӣ ҳам бештар шудааст».

Дар соли гузашта, ба гуфтаи З. Бекматов, корхона ба суди иқтисодӣ муроҷеъ шуд ва ҳукми додгоҳ ҳам бар суди ширкати «Трансформатор» содир шуд. «- Сарфи назар аз ҳукми суд, «Барқи тоҷик» онро иҷро намекунад», - гуфт З. Бекматов. – «Агар ин маболиғ баргардонида мешуд, кори ширкати мо беҳтар ва мӯътадил ҷараён мегирифт.»

Ба гуфтаи роҳбари корхона, тайи 9 соли ахир корхона мунтазам ва бидуни таъхир ба кормандонаш маош медод, аммо ба сабаби пардохт нашудани қарзи «Барқи тоҷик» трансформаторсозон дар соли 2009-ум барои моҳҳои март ва апрел маош гирифта натавонистанд.

Гузашта аз ин, «Трансформатор» барои хариди ашёи хом аз бонк миқдоре маблағ қарз гирифтааст, ки ҳоло ҳамагӣ 50 фоизи қарзро тавонистааст баргардонад.

Корхонаи тавлидкунандаи истгоҳҳои барқӣ ё трансформатори Қӯрғонтеппа аз Ҳукумати Тоҷикистон ва вазорати энержию саноат хостааст, то ба эътидол омадани вазъи бӯҳронӣ, барои ҷилавгирӣ аз афзоиши қарзаш дар назди ниҳодҳои андозғундорӣ мусоидат кунанд. Ҳоло ширкат беш аз 200 ҳазор сомонӣ аз андоз ё молиёт қарздор буда, мақомот суратҳисоби бонкии онро бастаанд.
XS
SM
MD
LG