Ба гуфтаи Алиҷон, дастаи ҳунарие, ки вай сарварӣ мекунад, «Ҳайдариён» ном дорад ва он дувоздаҳ сол муқаддам таъсис ёфтааст. Ҳамсӯҳбатам гуфт, ки гурӯҳи онҳо дар қаламрави ноҳияи Лайлак ва берун аз он барои муштариёни созу сурудҳои тоҷикӣ барномаҳои консертии худро намоиш додааст. Вай афзуд, ки гурӯҳи онҳо ду овозхон ва чаҳор навозандаро муттаҳид кардааст.
Ба гуфтаи Алиҷон Қосимов, бо вуҷуди баъзе мушкилот дар мавриди тавсеъа додани фаъолият талош ба харҷ медиҳанд, ки барномаҳои рангин омода созанд ва ба мухлисонашон пешкаш намоянд. Вай гуфт, ки Андарақ аз шаҳри Хуҷанд 80 километр масофа дорад ва овозхонҳои маъруфи тоҷик, аз ҷумла, Ҷӯрабек Муродов, Карим Қосимов ва мустқанавоз Илҳом Ӯрмонов ҳамеша машваратчиву маслиҳатгӯи онҳо ҳастанд.
Аз Алиҷон муносибаташро ба «Шашмақом» ва сурудҳои классикӣ пурсидам. Вай гуфт, ки «Шашмақом» сарчашмаи илҳоми ҳар як овозхони худшинос аст. Аз ин лиҳоз, бе дарки «Шашмақом» ҳеҷ овозхон ба қуллаи мурод нахоҳад расид.
Алиҷон Қосимов мегӯяд, ки бо овозхони мардумии Тоҷикистон Карим Қосимов қаробати хешу таборӣ дорад ва оҳангҳое, ки меофарад, дар қадами аввал ба ин овозхон муаррифӣ мекунад ва фикри ӯро мешунавад. Баъд, ин сурудашро барои шунавандагон пешкаш менамояд.
Ба гуфтаи ин овозхони тоҷики муқими Қирғизистон, гурӯҳи ҳунарии онҳо дар фестивалҳои зиёд ширкат кардааст ва чунин мешуморад, ки дастаи онҳо дар тарғиби созу навои тоҷикӣ саҳми худро гузоштаву мегузорад.
Воқеъан, дар Қирғизистон таронаҳои тоҷикиро хеле хуб мепазиранд ва ҳусни таваҷҷӯҳ ба он сол аз сол меафзояд.