Барнома бо муҳимтарин ахбори варзишӣ оғоз шудааст.
Дар Австрия ва Швейтсария даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо ҷараён дорад. Дар марҳилаи муқаддамотӣ 16 дастаи беҳтарини қорра дар чаҳор гурӯҳ рақобат мекунанд. Бо натоиҷи бозиҳои сабқати гурӯҳӣ шумо ҳамарӯза аз барномаи хабарии Радиои Озодӣ огаҳ мешавед. Бар асоси низомномаи мусобиқот, аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба бозиҳои чаҳорякниҳоӣ, ки аз 19-ум то 22-вуми июн доир мегарданд, роҳ меёбанд. Бозиҳои ниманиҳоӣ рӯзҳои 25-ум ва 26-уми июн сурат мегиранд.
Бозии ниҳоии Ҷоми Аврупо-2008 29-уми июн дар варзишгоҳи Эрнст-Ҳаппели шаҳри Вена, пойтахти Австрия, баргузор хоҳад шуд.
Мухлисони футбол дар Тоҷикистон низ ба мусобиқоти қаҳрамонии Аврупо таваҷҷӯҳи зиёд доранд. Онҳо тавассути телевизион бозиҳои Ҷоми Аврупо-2008-ро мустақиман тамошо мекунанд. Бархе аз ҳаводорони футбол ба суъоли мо «Ба кадом даста мухлисӣ мекунед ва ба андешаи шумо кадом даста қаҳрамон мешавад?» посухҳои мухталиф додаанд.
То оғози Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 камтар аз ду моҳи дигар мондааст. Варзишгарони Тоҷикистон ба Олимпиадаи Пекин чи гуна омодагӣ мебинанд? Дар ин мавзӯъ суҳбате дорем бо раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳруллоҳ Раҷабалиев.
Барои ба таври комил шунидани барнома ишораи «аудио» дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.