Паҳн кардани видеоҳои ҷасади фавтидагону тарсонидани мардум, боло рафтани қимати маводи хӯрока дар бозорҳо, дезинфексия ва ё зиддиуфунӣ кардани Хуҷанд, саҳми муҳоҷирони тоҷик дар маҳви вируси нав дар Русия аз видеову суҳбатҳои барномаи имрӯз аст.
Шояд бо зиёдтар шудани теъдоди гирифторони бемории КОВИД-19 ба дасти шумо ҳам видеоҳое, расид, ки дар он ҷасадеро мебаранд, ё як нафаре мераваду рӯи ҷасадеро боз мекунаду мегӯяд, кӣ ҳасту чаро фавтидааст. Бадтар аз ҳама ин видеоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунанд. Яке аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ки нахост, номашро бигуем бо ирсоли видеое ба Радиои Озодӣ ба ҳамаи онҳое, ки ин корро мекунанд, чунин муроҷиат кард: "“Ассалому алейкум Радиои Озодӣ. Аз шумо хоҳиш доштам, ки ба мардуми тоҷик хабар медодед, ки ҳамин видеоҳои фавти ҳамин миллати мо дар ғарибиро камтар дар Ютуб, дар мессенҷерҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ (нашр накунанд). Дар ИМО ва Вайбер ба ҳамдигарашон мефиристанд. Ба фикрам ягон миллат ҳамин корро намекунад, ҳамин қадар мебинем. Мардум худаш ҳоло дар тарсу ваҳм аст, бо ҳамин видеоҳо мардумро боз метарсонад. Ҳамин корро намекарданд, хубтар мешуд. “
Дар воқеъ нашри чунин видеоҳо, ба гуфтаи равоншиносон, ба рӯҳияи дигарон таъсири фавқуллода бад мегузорад ва бахусус агар хешовандони худи фавтида хабар надошта бошанд ва ӯро якбора дар чунин ҳол ва дар интернет бубинанд. Видеои дигаре, ки ҳоло мебинем, аз маркази вилояти Суғд расид, ки дар онҷо низ шабона барои пешгирӣ аз эҳтимоли сирояти бемории КОВИД-19 кӯчаҳоро дезинфексия ва ё зиддиуфунӣ мекунанд.
Воқеан мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар кишвар ягон мавриди сирояти вируси нав сабт нашудааст ва дезинфексия ё зиддиуфунӣ кардани хиёбонҳо барои пешгирӣ аз сирояти беморӣ аст. Дар Русия, ки муҳоҷирони зиёди тоҷик кору иқомат мекунанд, бисёре дар карантин ҳастанд ва ҳаққи берун омадан аз хона надоранд.
Айни замон як қисме аз онҳо дар ҷанги Русия ба зидди коронавирус кӯмак мерасонанд. Як ҷавони тоҷик, ки худро Зӯрибек муаррифӣ кард, бо ирсоли видеое, ки дар он ба зиддиуфунӣ кардани биное машғул аст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бе таътил кор мекунад. Дар Русия то кунун вируси нав ба бештар аз 93 ҳазор нафар сироят кардааст ва тақрибан ҳаштуним ҳазор нафар шифо ёфтаанд.
Таъсири буҳрони коронавирус ба нархҳо дар Тоҷикистонро ҳам албатта эҳсос кардед. Як гузориши радиои озодӣ доир ба болоравии қимати маводи хурока аз ҷумла картошка яке аз мавзуҳое буд, ки бисёриҳоро ба баҳс кашид. Корбаре, ки худро Ҳақиқат СЗБ муаррифӣ кардааст, навиштааст, ки боло рафтани қиматҳо мардумро ба ташвиш овардааст ва бояд, ҳукумат чорае биандешад. Ӯ мегӯяд:
"Дар ин ҳолат бояд аз ҷониби давлат дотатсия эълон карда шавад. Воридоти маҳсулоти ниёзи аввалияро аз боҷи гумрукӣ ва баъзе андозҳо озод кунанд, то нарх дар бозорҳо танзим шавад. Нархи орди захираи давлатӣ айни замон 210-215 сомонӣ нархи орди соҳибкор 240-250 сомонӣ."
Корбаре бо номи Соҳибкор мақомотро муттаҳам кардааст, ки дар андешаи мардум нестанд. Ӯ дар саҳифаи мо навиштааст: "Агар ҳамин мақомдорон дар фикри халқ бошанд, арзон кардани нарху наво ҳеҷ мушкиле надорад, аммо афсӯс мақомот барои фикр кардани ин чизҳо ба мисли картошка ва орду равған вақт надоранд, парво ҳам надоранд, намехоҳанд, вақти қимати худро барои ин чизҳои беҳуда сарф кунанд."
Корбаре бо номи Муаллим аз мардум хостааст, ки ба бозор нараванд, камтар бихаранд, то қиматҳо худ ба худ поин биёянд. Шарҳаш чунин аст: "Эй мардум, ду се рӯз ба бозор наравед ҳеҷ гап намешавад! Нарх паст мешавад. Шахсан ман дар як-ду ҳафта, як маротиба ба бозор меравам. Соҳибони асосии маҳсулоти бозор хешу табори роҳбарон мебошанд, ки ба пастравии нарх ҳавасманд нестанд."